2 Декабр 2020 - 15:11
Дугонагӣ дар мубориза бо терроризм; сиёсате, ки ба шикасти мубориза бо терроризм мунҷар хоҳад шуд

Мубориза бо терроризм ниёз ба азми ҷаҳонӣ дорад; аммо шавоҳид ва рафторҳои байналмилалӣ нишон аз набуди чунин азме дорад.

ABNA24: Иллати ин масъаларо дар куҷо бояд ҷустуҷӯ кард? Оё созмонҳои байналмилалӣ дар ин замина дучори заъф ҳастанд ва ё дудилагӣ дар рафторҳо ва мавозеъи кишварҳои муддаии мубориза бо терроризм сабаби густариши терроризм ва бепарвоиб гутохии ҳомиёни терроризм шудааст?

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Козим Ғарибободӣ рӯзи сешанбе бо ирсоли номае ба мудири кулли дафтари Созмони милал дар Вена зимни маҳкумияти шадиди террори Раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ донишманд шаҳид  "Муҳсини Фахризода", қабули стандартҳои дугонаро нисбати кишварҳо маҳкум кард ва гуфт; Ин дугонагӣ дар мубориза бо терроризм на танҳо ғайрисозанда хоҳад буд,, балки боиси шикасти муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм хоҳад шуд. 

Дар бахши дигар аз ин нома бо ишора ба иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ дар даҳаҳои гузашта алайҳи Эрон ва террори чандин донишманд дар кишварҳои мухталиф, таъкид шудааст: Мо ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунем то тааҳудоти худро зайли ҳуқуқи байналмилалӣ дар мубориза  бо терроризм ва маҳкум кардани чунин иқдоми ғайриинсонӣ, ба қавитарин лаҳни мумкин, ифо кунанд. 

Муттаассифона акнун солҳост, ки амалкарди Созмони милал ва ҷомеаи байналмилалӣ дар муқобила бо иқдомоти террористӣ камасар ва шояд ҳам беасар шудааст. Ин заъфи асосиро метавон аз ҷумла дар қиболи иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин ва дар куштори занону кӯдакон дар ҳамалоти режими кӯдаккуши Арабистон ба Яман ҳамчунин дар фаъолиятҳои террористии муштараки Амрико ва Исроили  ҷинояткор дар сатҳи  минтақа дид. Созмони милал аз тариқи қатъномаҳои мутаъаддиди худ ва бо иҷмоъ, тамомии иқдомот, равишҳо ва равияҳои тероризмро ба унвони иқдомоти ҷинояткорона ва ғайри қобили тавҷеҳ маҳкум кардааст. Террори донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эрон низ наметавонад аз ин қатъномаҳо мустасно шавад. "Муҳсини Фахризода"  донишманде буд, ки дар арсаи хадамоти илмӣ ва пажӯҳишӣ, аз ҷумла дар тавлиди китҳои ташхиси корона (маҷмӯаи ошкорсозии корона) ва ҳамчунин мудирияти проекти тавлиди ваксинаи Ковид-19 дар Эрон гомҳои муассире бардошт. Террори ин шахсияти илмӣ низ монанди  ҳар иқдоми дигари тероризми байналмилалӣ, таҳдиде барои сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бар хилофи усули бунёдин ва ҳуқуқи байналмилал ва усули маншури Милал муттаҳид аст. Шавоҳид ва мустанадот нақши сервиси иттилоотии режими Исроил ва гурӯҳи террористии мунофиқин дар ин террорро таъйид мекунад. Амрико дар январи гузаштаи низ муртакиби ҷинояте бузург шуд ва дар иқдоми террористии сардори сипаҳбуд «Қосими Сулаймонӣ» фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд  ба ҳамроҳи «Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис» ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ( Ҳашду аш-Шаъбӣ) ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расонд.
 
Идомаи сукут дар баробари ин иқдомоти террористӣ ду паёмади мушаххас дорад:
 
Паёмади нахуст : такрор ва густариши тероризм аст ва паёмади дувум, беэътибор шудани ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аст.
 

Интиқоди намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена нисбат ба иттихози стандарти дугона дар қиболи мубориза бо тероризмро мебоист аз ҳамин зовия арзёбӣ кард.

342/